Ссылки доступа

Гумонбар ба таҷовузи духтари 16-сола дар Қирғизистон боздошт шуд


Дар вилояти Чуйи Қирғизистон, бо гумони хушунати ҷинсӣ ба як духтари ноболиғ сокини маҳаллиеро боздошт карданд.

Ба иттилои пулис, рӯзи 5 декабр падари як духтари соли таваллудаш 2004 аз хушунати ҷинсӣ дидани фарзандаш ба пулис шикоят бурд. Марди шикоятгар гуфт, субҳи он рӯзи гумонбар духтари ӯро ба даҳлези биное дар шаҳри Бишкек бурда, бо истифода аз зӯр нисбати вай хушунати ҷинсӣ раво дидааст.

Пулис аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "Таҷовуз" парванда боз ва бо гумони содир кардани ин ҷиноят марди соли таваллудаш 1990-ро боздошт кардааст.

Ба иттилои мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон, шоми 5 декабр наздики 50 сокини яке аз деҳаҳои ноҳияи Сокулук пушти дари бинои пулис ҷамъ шуда, муҷозоти марди гумонбарро талаб карданд.

Додситонии кулли Қирғизистон хабар дода буд, ки дар соли 2020 дар он кишвар 1101 парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ноболиғон сабт шудааст, ки аз ин шумор бештар аз 150 парванда ба хушунати ҷинсӣ рабт дорад. 57 шаҳрванди он кишвар дар соли гузашта бо гумони раво дидани хушунати ҷинсӣ нисбати ноболиғон боздошт шудаанд. Аммо маълум нест, чи теъдод аз онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудаанд.

XS
SM
MD
LG