Ссылки доступа

ИМА Бозиҳои олимпии Пекинро таҳрими дипломатӣ кард


Сухангӯи Кохи сафед Ҷен Псакӣ гуфт, ИМА Бозиҳои олимпӣ дар Чинро таҳрими дипломатӣ кард. Ӯ афзуд, ки сарфи назар аз ин, варзишгарони амрикоӣ метавонанд дар он иштирок кунанд.

"Маъмурияти Байден бо назардошти қатли ом дар Шинҷон ва нақзи ҳуқуқҳои дигари инсон ба Бозиҳои зимистонаи олимпию паролимпии соли 2022 дар Пекин ҳайати расмӣ ё дипломатӣ намефиристад", - изҳор дошт Псакӣ дар нишасти хабарӣ.

Пештар президенти ИМА Ҷо Байден хабар дода буд, ки эҳтимол аст, Вашингтон Бозиҳои олимпии Пекинро таҳрим кунад. Ӯ нақзи ҳуқуқи инсон дар Тибет ва Ҳонгконгро дар баробари таъқиби уйғурҳо дар Шинчон аз сабабҳои таҳрими бозиҳои Пекин номид.

Ин ташаббуси ИМА-ро Австралия низ ҷонибдорӣ намуд, вале Бозиҳои олимпиро таҳрими дипломатӣ накард.

Бозиҳои олимпӣ аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар Пекин баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG