Ссылки доступа

Нурсултон ва Тошканд ҳолатҳои фавқулодаро бо ҳам бартараф мекунанд


Ҳукуматҳои Узбекистон ва Қазоқистон ба созиш расиданд, ки дар бахши огоҳкунӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ҳамкорӣ мекунанд. Дар ин бора дар ҷараёни сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қазоқистон санаде имзо шудааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон, раисҷумҳури ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев 6 декабр бо ҳамтои узбекаш дар шаҳри Нурсултон дидору гуфтугӯ карданд. Тоқаев баъди вохӯрӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва башардӯстонаи ду кишвар тавсеа меёбанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо роҷеъ ба бунёди роҳи оҳани баландсуръати Туркистон - Чимкент - Тошканд ва роҳи оҳани Учқудуқ – Қизилорда ба созиш расидаанд.

Тоқаев ва Мирзиёев Эъломияи робитаҳои ҳампаймониро имзо кардаанд.

Сафари Мирзиёев ба Қазоқистон дувумин сафари хориҷии ӯ баъди дубора президенти Узбекистон интихоб шуданаш аст. Сафари давлатии нахустини ӯ моҳи октябри соли равон ба Русия анҷом шуда буд.

XS
SM
MD
LG