Ссылки доступа

Дар Алмато афви қарзҳои бонкиро талаб доранд


Ҳудуди 100 сокини Қазоқистон 6 декабр дар назди бинои Оҷонси танзим ва рушди бозори молӣ дар шаҳри Алмато ҷамъ шуданд.

Таҷаммуъгарон гуфтанд, вазъи молияшон бад шудааст ва тавони баргардонидани қарзҳои бонкии худро надоранд. Ба гуфтаи онҳо, қарзҳояшон афв ё барояшон сабукӣ дода шавад.

Яке аз эътирозгарон Жанагул Раҳматқизӣ, ки аз шаҳри Нурсултон ба Алмато рафта буд, гуфт, қисми зиёди қарзи бонкияшро пардохт кардааст ва ҳоло бояд ҳудуди 100 млн танга (22,7 ҳазор доллар)-и дигар пардозад.

"Имсол ман натавонистам, қарзи худро пардозам. Ба президент муроҷиат кардам. Додгоҳ қарори мусодира шудани хонаи маро содир кардааст ва ҳоло судиҷрочиён ба хонаи ман меоянд", - афзуд ӯ.

Намояндаи оҷонс Ернар Оразбоев ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, аз 15 ноябр дар ин замина ҳудуди 3 ҳазор муроҷиатнома қабул кардаанд.

Мақомоти Қазоқистон дар гузашта гуфтанд, ки ҷаримаи қарзии 1,1 миллион сокинро дар ҳаҷми бештар аз 33 миллиарду 620 миллион танга бахшидаанд.

XS
SM
MD
LG