Ссылки доступа

Блогери тоҷик нашри аксашро дар сомонаи ВКД ғайриқонунӣ донист


Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Манижа Назарова, блогери 25-солаи тоҷикро барои “дағалгуфторӣ” ҷарима кард ва акси ӯро дар саҳифаи расмиаш дар интернет нашр намуд.

Манижа, ки бо номи Manizhaumedullaa дар Инстаграм фаъол аст, нисбат ба як писаре, ки ӯро рӯзи 3-уми декабр озор дода буд, ба Раёсати ВКД шикоят кард. Пулис ҷавонро боздошт кард ва “барои амали ғайриахлоқӣ” панҷ шабонарӯз ҳабс кард. Дар ҳамин маврид, Манижа Назароваро низ барои "дағалгуфторӣ" дар ҷойи ҷамъиятӣ дар “майдаавбошӣ” гунаҳкор карданд ва ӯро 420 сомонӣ ҷарима намуданд.

Манижа Назарова рӯзи 5-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кормандони РВКД бо фиреб ӯро дар ҷойи кораш аксбардорӣ карданд. Кормандони пулис барояш ваъда додаанд, ки ин акс барои парванда зарур аст ва дар ҳеч ҷо нашр нахоҳад шуд. Ин блогер гуфт, ҳарчанд ӯро беасос ҷарима карда буданд, вале нисбат ба он эътироз накард. Аслан, эътирози ӯ бар сари нашри хабари ҷарима шудан бо аксаш ҳаст, ки ба гуфтаи ӯ, шаъну шарафашро паст зада, ба зиндагии шахсиаш халал расондааст.

“Моҳе пас бояд бо ҷавоне издивоҷ мекардам. Ҳама аҳли оилааш ин аксро диданд ва барояш гуфтаанд, ки ин кӣ ҳаст, ки бо ӯ издивоҷ мекунӣ. Вақте сурати туро дар сомонаи РВКД мебинанд, ҳама фикр мекунанд, ки ягон ҷинояти бад кардаӣ. Бисёриҳо давомашро намехонанд, ҳамин аксатро диданд, тамом. Ҳоло дигар бо ҳамин туйи ман барҳам хурд”,--гуфт ӯ.

Манижа, корманди як нуқтаи ороишӣ аст ва дар Инстаграм беш аз 48 ҳазор корбар дорад. Ӯ бештар мавзуҳои марбут ба зебоии занону духтаронро нашр мекунад.

Ҳоло Манижа тасмим дорад, ки адвокат киро кунад ва нисбат ба РВКД ба додгоҳ шикоят барад.

Ӯ гуфт: “Ҳатман адвокат гирифта барои паст задани шаъну шарафам шикоят мекунам. Рӯзи 3-уми декабр вақте аз роҳ мегузаштам, писаре дастамро дағалона дошт. Гуфтам, чаро чунин мекунӣ, ки маро ҳақорат кард. Ман инро сабт кардам ва худам дар ҳолати эҳсосӣ ба ин ҷавон чанд гапи сахт ҳам гуфтам. Онҳо ҳамин гапи маро дағалгуфторӣ номида, маро ҷарима карданд ва боз аксамро дар интернет гузоштанд”.

Манижа нақл кард, ки вақте ӯро ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ даъват карданд, гапе аз ҷарима шуданаш набуд ва онҷо ҷавонро гуфтанд, ки зидди ин духтар шикоят кун ва ӯро ҳам ҷарима мекунем.

Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба суоли Радиои Озодӣ, ки чаро беиҷозат акси Манижаро нашр кардаанд, посух надоданд. Пештар гуфта буданд, ки ба хотири ислоҳи ҷомеа чунин мекунанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Душанбе се сол боз ҷавононе, ки нисбат ба духтарон бадрафторӣ мекунанд, боздошт намуда, ҷарима мекунад ва аксашонро дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр мекунад. Аммо хеле кам иттифоқ афтодааст, ки мисли Манижа акси духтареро низ барои "дағалгуфторӣ" нашр карда бошанд.

Масъулони Раёсати корҳои дохилии Душанбе қариб ҳар рӯз дар сомонаи расмии худ акси писарону духтаронро гузошта, онҳоро ба бадрафториву авбошӣ айбдор мекунанд. Бархе аз сокинон инро "як роҳи ислоҳи ҷомеа" медонанд, гуруҳи дигар "таҳқир" мешуморанд, ки ба бовари онҳо "на танҳо шахси муттаҳам, балки наздиконашро низ дар ҷомеа ангуштнамо мекунад".

Пештар Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик гуфта буд, ки ошкор кардани қонуншиканиҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо кори хуб аст, аммо нашри аксу шармсор кардани онҳо дар ҷомеа "хилофи қонун аст". Ӯ гуфт, "ҳадаф агар ислоҳ кардан бошад, он нафар ба ин роҳ ислоҳ намешавад, чун мебинад, ки дигар шарманда шуд, ба кораш давом медиҳад".

"Акс дар пушти панҷара ё дар вақти шустани фаршҳои боздоштгоҳ. Ин гуна аксҳо шаъну шарафи шаҳрвандонро паст зада, рӯҳияи онҳоро мешиканад ва барои барқарор намуданаш вақт ва шояд дахолати табиб лозим шавад. Аксҳо бояд шаъну шарафи шахсро паст назанад", -- гуфт ҳуқуқшинос.

Ҷонибдорони нашри акси гумонбарон низ кам нестанд. Онҳо мегӯянд, ин вазъ бадзабонӣ нисбат ба духтаронро дар Душанбе коҳиш дод.

Аммо Манижа Назарова мегӯяд, нашри хабари ҷарима шуданаш бо аксаш, баръакс ӯро миёни ҷомеа шармсор кардааст.

Қонунҳои Тоҷикистон дар чунин ҳолат нашри акси сокинонро ҷоиз намедонад. Дар бархе ҳолат, мақомоти тоҷик ин муқарраротро дар нисбат ба ноболиғон риоя мекунанд, вале дар бештари маврид он нодида гирифта мешавад.

Аксари онҳоеро, ки пулиси Душанбе аксашонро нашр мекунад, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозот мешаванд. Бештари онҳо аз 500 то 1,5 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд ё аз се то 15 рӯз "ба корҳои ҷамъиятӣ" ҷалб мешаванд.

XS
SM
MD
LG