Ссылки доступа

Вазорати мудофиа: "Нақша иҷро шуд, аммо даъват давоми сол идома мекунад"


Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш пурра иҷро шудааст, аммо ҷалби ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбӣ давоми сол идома мекунад.

Ба гуфтаи масъулини ин вазорат, чунин тасмим дар пайи тағйирот ба қонуни даъват ба артиш рӯи даст гирифта шудааст. Аз ин қабл, танҳо дар мавсимҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҷавононро ба артиш ҷалб мекарданд.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси тарҳи нави қонун дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, бо қарори раисони комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо, даъвати ҷавонон то мавсими дигар идома меёбад.

Сухангӯи вазорати мудофиа дар идома афзуд, ҷавонони синни даъватӣ новобаста аз он, ки донишҷӯянд ё аз хориҷа бармегарданд, давоми сол барои пурра кардани ҳуҷҷатҳояшон ба комиссариати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Имсол тибқи қонуни нав ҳамчунин хизмати алтернативӣ ҳам пешниҳод шуд, ки бо пардохти маблағ ҷавонон аз хизмат озод мешаванд. Аммо мақомот то ба ҳол эълон накардаанд, ки чӣ қадар ҷавонон бо ин роҳ аз хизмат озод шуданд.

Бо вуҷуди қабули қонун дар бораи хидмати алтернативӣ, ки бо супурдани маблағ ҷавононро аз уҳдадории ҳарбӣ озод мекард, имсол низ шикоятҳо аз "сарбозшикор" ё "облава" зиёд буд.

Мақомот аз он нигаронанд, ки баъзе аз ҷавонон бо ҳар баҳона аз хидмат сарпечӣ мекунанд. Намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ далелашро ба вазъи нохуби қисмҳои ҳарбӣ ва зарбу лати наваскарон дар онҷо пайванд медиҳанд.

Ҳар сол тирамоҳу баҳор ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиши Тоҷикистон даъват мекунанд. Мавсими тирамоҳии даъват ба артиш якуми октябр сар шуда, якуми декабр ба анҷом мерасад. Мавсимии баҳории даъват ба артиш аз аввали моҳи апрел то охири моҳи май идома мекунад.

XS
SM
MD
LG