Ссылки доступа

Ҳабси ҷавоне, ки ба гуфтаи мақомот "шиканҷа не, ҷоду шуда буд" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҳабси ҷавоне, ки ба гуфтаи мақомот "шиканҷа не, ҷоду шуда буд". Додгоҳи шаҳри Гулистон ҷавонеро, ки ба иддаои модараш "дар пайи шиканҷа дар боздоштгоҳ бемор шуда буд", бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ба панҷ сол зиндон маҳкум кардааст. Модари ҷавон ба раҳоӣ ва ё ҳадди ақал муолиҷаи писараш даъват дорад. Мақомот шиканҷа шудани ӯро рад мекунанд. (видео)

- Кӯдакони зани аробакаш дар ароба зиндагонӣ мекунанд. (видео)

- Пули давлатро кӣ хурд? Баҳси пизишке бо раҳбаронаш дар Восеъ. Барканории мудири як дармонгоҳ дар ноҳияи Восеъ баҳси зиёдро ба миён овардааст. Мақомот Мустафо Раҷабовро ба азхудкунии маблағ давлат айбдор карда, ӯро аз кор озод карданд. Аммо Раҷабов мегӯяд, ӯ бегуноҳ ва қурбони амалҳои роҳбараш шудааст. (видео)

- Кореяи Ҷанубӣ макони нави муҳоҷират барои тоҷикон мешавад? (видео)

- Вируси "омикрон" то чӣ ҳад хатарнок аст? Паҳншавии Омикрон, як навъи тағйирёфтаи коронавирус, бисёре аз кишварҳоро маҷбур кард, ки аз пайи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои бештар шаванд. Омикрон, ки дар Африқои Ҷанубӣ пайдо шуд, ба беш аз бист кишвар роҳ ёфтааст. Омикрон чист ва дар борааш чиро бояд донист? (видео)

- Достони як зани тоҷик, ки барои сирояти дигарон ба ВИЧ-СПИД зиндонӣ шудааст. Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам дар 9 моҳи имсол дар кишвар 732 нафари мубтало ба ВИЧ-СПИД сабт шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 158 маврид камтар аст. (видео)

- Баҳси девор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. ​Чанде аз сокинони як деҳа дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 30-юми ноябр аз ҳузури низомиёни Қирғизистон дар атрофи хонаҳояшон ибрози нигаронӣ карданд. Ин деҳа бо ҷамоати Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст. Идораи марзбонии Тоҷикистон вазъро расман шарҳ надодааст. ​(видео)​

- "Ту ҳам ёде бикун аз ман". Дар зодгоҳи Кароматулло - шаҳри Кӯлоб маросими ёдбуди ин ситораи ҳунар бо ҳузури фарзандони овозхонаш барпо шуд, ки бо таронаву оҳангҳояш дар мусиқии эстрадаи миллии солҳои 1980-ум рангу ҷилои тоза бахшидааст (видео)

- Дар Тоҷикистон дарёфти маълумот аз манбаъҳои расмӣ душвор шудааст (видео)

- Бозёфтҳои ҳафриётшиносон дар ноҳия Фархор (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG