Ссылки доступа

Сенаторҳои ИМА ба фишор болои Узбекистон даъват доранд


Раиси кумитаи робитаҳои хориҷии сенати ИМА Боб Менендез ва панҷ сенати дигар аз ҳукумати ИМА даъват карданд, ки дар гуфтугӯҳои оянда, дар робита ба ҳуқуқи инсон, болои роҳбарияти Узбекистон фишор оваранд.

Дар номаи сенаторҳо аз 6 декабр "комёбиҳои Узбекистон дар бахши ҳуқуқи инсон" эътироф ва аз ин кишвар ҳамчунин даъват шудааст, ки ислоҳоти густурдаи "ваъдакардаи президент Шавкат Мирзиёев" амалӣ карда шаванд.

Моҳи ҷорӣ намояндагони Узбекистон бо ИМА нахустин гуфтугӯи ҳамкориҳои стратегии худро баргузор мекунанд.

Сенаторҳо гуфтанд, ин мулоқот "имкони олии боло бурдани эҳтиром ба ҳуқуқи инсон аст, ки нуктаи муҳиме дар муносибатҳои Амрико бо Узбекистон дониста мешавад". Дар номаи худ сенаторҳо аз маҳдудиятҳои озодии баён ва набуди тағйироти мусбат дар самти озодиҳои сиёсӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG