Ссылки доступа

Дар Бишкек ду ҳазор автобус ба гардиш медарояд


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон гуфт, ки дар фурсатҳои наздик дар шаҳри Бишкек ду ҳазор автобус ба гардиш хоҳад даромад.

Ба гуфтаи вай, айни замон масъалаи воридкунандаи ин автобусҳо ҳал мешавад.

Дар робита ба ин масъала сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин гуфт, кишвараш омода аст, ки ба Қирғизистон ду ҳазор автобуси электронии истеҳсоли Қазоқистонро фурӯшад.

Хариду фурӯши автобусҳои электронӣ дар сафари раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов ба Қазоқистон рӯзи 8 декабр баррасӣ шудааст.

Ҷониби Қазоқистон ба Қирғизистон ҳамчунин ваъдаи кӯмаки техникаи низомиро кардааст.

XS
SM
MD
LG