Ссылки доступа

Натиҷаҳои шумориши аҳолӣ: Қазоқистон 19,17 миллион сокин дорад


Аҳолии Қазоқистон ба 19 миллиону 169 ҳазору 550 кас расидааст. Дар ин бора сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин рӯзи 8 декабр хабар дод.

Мамин гуфт, маъракаи шумориши аҳолӣ, ки аз 1 сентябр то 30 октябр сурат гирифт, чунин иттилоъ ба бор овардааст.

Теъдоди мардон 51,8 ва занон 48,2 фоиз будааст. Ба ин тартиб, 33,97 фоизи аҳолии он кишвар кӯдакони то 17-сола, 19,72 фоиз ҷавонони то 28-сола будаанд.

Синни миёнаи аҳолии Қазоқистон 31,9-ро ташкил додааст. Дар маҷмуъ 70,18 дарсади аҳолии Қазоқистонро қазоқҳо ташкил медодаанд.

Дар Қазоқистон соли 2009 низ шумориши аҳолӣ баргузор шуда буд. Он замон теъдоди аҳолии Қазоқистон 16 миллионро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG