Ссылки доступа

Дар як тирпарронӣ дар Москва ду кас кушта шуд


Як шахси ношинос дар маркази хизматрасониҳои давлатӣ ва маҳаллии "Рязан", дар ҷануби Москва тир кушод.

Ба иттилои пешакӣ, ду кас - маъмур ва муҳофизи марказ кушта шудааст. Тирпаррониро Сергей Собянин, раиси шаҳри Москва низ тасдиқ кард.

Дар ин тирпарронӣ ҳамзамон 3 кас маҷруҳ шудааст. Маҷруҳон дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Дар пайи ин ҳодиса бо моддаи куштор ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ парванда боз шудааст.

Расонаҳо бо такя ба пулис навиштанд, ки тирпаррониро Сергей Глазов анҷом додааст. Вай корманди пешини хадамоти иктишофи низомӣ будааст. Глазов дар ҳолати мадҳушӣ ба марказ омада, ба далели надоштани ниқоб ҷанҷол барангехтааст.

XS
SM
MD
LG