Ссылки доступа

Кормандони вазорати фарҳанги Узбекистон тоқӣ мепӯшанд


Аз ин ба баъд кормандони вазорати фарҳанги Узбекистон дар рӯзҳои корӣ бо тоқӣ ба кор меоянд.

Дар ин бора вазири фарҳанги Узбекистон Озодбек Назарбеков дар саҳифаи телеграм рӯзи 8 декабр хабар дод.

Вазир навиштааст, ин тасмим ба хотири ривоҷи анъанаҳои миллӣ гирифта шудааст.

"Ман аз ҳамаи рассомон, миллатдӯстон ва ризокорон даъват мекунам, ки аз ин ташаббус пайравӣ кунанд", - гуфт вазир.

Ин дар ҳолест, ки вазорати фарҳанги Узбекистон чанд рӯз баргузории консерти TikTok Fest-ро дар шаҳри Тошканд манъ кард. Дар ин консерт, мебоист, блогерҳои русу украин ҳам ширкат варзанд. Дар вазорати фарҳанги Узбекистон гуфтанд, консерт "дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод шуд" ва ҳам чунин шакли консерт "посухгӯи фарҳанги миллӣ"-и мардуми узбек нест.

XS
SM
MD
LG