Ссылки доступа

Байден эҳтимоли сафарбаршавии нерӯҳои Амрико ба Украинаро шарҳ дод


Президенти ИМА Ҷо Байден гуфтааст, имкони сафарбаршавии нерӯҳои ин кишвар ба Украина дар сурати ҳамлаи Русия баррасӣ намешавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, Украина узви НАТО нест.

"Идеяи ин ки ИМА ба таври якҷониба барои пешгирӣ аз ҳамлаи Русия ба Украина нерӯҳои худро истифода хоҳад кард, дар ҳоли ҳозир баррасӣ намешавад. Мо тибқи банди панҷуми созишнома, дар назди ҳампаймонони худ дар доираи НАТО уҳдадориҳои маънавӣ ва ҳуқуқӣ дорем. Аммо ин уҳдадорӣ ба Украина дахл надорад", - изҳор доштааст Байден 8 декабр дар суҳбат бо хабарнигорон.

Байден ба суҳбати телефонии худ бо ҳамтои русаш Владимир Путин, ки 7 декабр анҷом шуда буд, низ дахл кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ба Путин ба таври возеҳ фаҳмонда шудааст, ки агар Русия амалиётеро зидди Украина оғоз кунад, мавриди таҳримҳои иқтисодии бесобиқа қарор хоҳад гирифт.

Путин низсуҳбати телефонии худро бо Байден шарҳ дода, нигарониҳои Москваро аз эҳтимоли пайвастани Украина ба НАТО ёдовар шудааст.

XS
SM
MD
LG