Ссылки доступа

HRW: Узбекистон бояд ваъдаҳояшро дар мавриди ҳуқуқи инсон иҷро кунад


HRW - созмони байналхалқии Дидбони ҳуқуқи башар аз Тошканди расмӣ даъват кард, ки дар ивази ифтихор кардан аз интихоби намояндааш ба ҳайси муовини Шӯрои СММ дар умури ҳуқуқи инсон, ислоҳоти воқеӣ анҷом диҳад.

Хю Уилямсон, як масъули HRW гуфт, "таъйин шудан ба ин мақом ба маънои он нест, ки кишварҳои худкомаи Осиёи Марказӣ дар дохил ва ё хориҷ ба ҳуқуқи инсон арҷ мегузоранд".

Моҳи январи соли ҷорӣ Узбекистон ба узвияти комилҳуқуқи Шӯрои Амнияти СММ, барои солҳои 2021-23, қабул шуд.

Шӯрои Амнияти СММ аз 47 кишвар иборат ва ба таблиғу ҳифзи ҳуқуқи инсон дар саросари дунё масъул аст.

Уилямсон гуфт, ҳарчанд баъд аз соли 2016 дар Узбекистон тағйироти мусбате дар бахши ҳуқуқи инсон ва демократия рух додааст, дар ин кишвар ҳамоно мушкилоти ҷиддӣ мавҷуд аст.

Вай афзуд, Тошканд бояд, тавсияҳои коршиносони СММ-ро иҷро кунад. Ба гуфтаи Уилямсон, Узбекистон моҳи ҷорӣ тавсияи панҷ коршиноси шӯрои СММ-ро оид ба бозбинии қонун дар бораи дин нодида гирифтааст.

XS
SM
MD
LG