Ссылки доступа

Таркиши як фурӯшгоҳ дар Узбекистон ба 65 хона осеб расондааст


Раиси вилояти Сурхандарёи Узбекистон Тура Боболов 8 декабр хабар дод, ки дар натиҷаи таркиши фурӯшгоҳи "Indenim"-и шаҳри Деҳнави вилоят 65 хона осеб дидааст.

Ба гуфтаи раиси Сурхандарё, мақомот ба соҳиби манзилҳои осебдида кумак хоҳанд кард.

Муовини додситони кулли Узбекистон Дониёр Масалиев хабар дод, ки ба рух додани таркиш дар фурӯшгоҳ маводи тарканда ё маҳсулоти нафтӣ сабаб нашудааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, таркиш дар натиҷаи ба муҳлати тулонӣ истифода шудани таҷҳизоти газ ва гармшавии аз меъёр зиёд рух додааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар таркиши мазкур, ки 7 декабр ба амал омада буд, ду нафар ҷон бохта, 9 тани дигар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG