Ссылки доступа

Қазоқистон имконияти иштирок дар сохтмони неругоҳи Қирғизистонро меомӯзад


Намояндагони ҳукумати Қазоқистон бо ҳадафи баррасии имкониятҳои иштирок дар неругоҳи Қамбарота-1 дар Қирғизистон ба ин кишвар сафар мекунанд.

Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, намояндагони ҳукумати Қазоқистон рӯзи 17 декабр ба Қирғизистон хоҳанд омад.

Ҷабборов афзуд, айни замон Қирғизистон бо ҷониби Узбекистон асосҳои техникиву иқтисодии неругоҳи Қамбарота-1-ро коркард мекунад, аммо, ба гуфтаи вай, бо ҷониби Қазоқистон асосҳои нави техникиву иқтисодӣ таҳия мешавад.

"Дар ниҳоят, модели мушаххаси сармоягузориро коркард мекунем. Бо хости Худо, соли оянда ба сохтмон шуруъ мекунем. Мо ҳоло баррасӣ дорем, ки кӣ маблағ пайдо мекунад, саҳми кишварҳо чи гуна мешавад. Қирғизистон чи дарёфт мекунад, Узбекистону Қазоқистон чи - ҳамаи инро президентҳо байни худ ҳал мекунанд", - гуфт Ҷабборов.

Моҳи марти соли ҷорӣ хабар дода шуд, ки Қирғизистон бо Узбекистон лоиҳаи сохтмони неругоҳи Қамбарота-1-ро дар дарёи Норин таҳия мекунанд. Он замон хабар дода шуда буд, ки неругоҳ дар се соли оянда сохта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Қирғизистон бо Русия дар соли 2012 созишномаи сохтмони "Қамбар-Ота-1" ва 4 неругоҳи дигарро дар дарёи Норин ба имзо расонида буд. Аммо ба далели тӯл кашидани сохтмонҳо, ҷониби Қирғизистон дар соли 2016 созишномаро якҷониба қатъ кард.

XS
SM
MD
LG