Ссылки доступа

Дар аёлати Кентуккии ИМА торнадо на камтар аз 100 касро куштааст


Ба иттилои муқаддамотӣ, дар аёлати Кентуккии ИМА, дар натиҷаи торнадо, на камтар аз 100 кас шуда шудааст.

Губернатори Кентуккӣ Эндӣ Бешир гуфт, торнадои кунунӣ харобиовартарин торнадо дар таърихи аёлат будааст. "Ин харобиҳо ба ҳеч чизи дигаре, ки ман дар зиндагиам дидаам, шабоҳат надоранд. Эҳтимол аст, ки инҷо бештар аз 100 кас кушта шудааст", - гуфт Бешир.

Дар аёлати Иллинойс, ҳамсоягии Кентуккӣ, боми анбори ширкати Amazon тахриб шудааст.

Дар аёлати Тенниссӣ низ се кас кушта шудааст. Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи шанбе гуфт, дар аёлати Кентуккӣ ҳолати фавқулода ҷорӣ карда шавад.

XS
SM
MD
LG