Ссылки доступа

Оғози парвозҳо аз фурудгоҳи Сӯхи Узбекистон


Ҳавопаймои ширкати "Humo Air" нахустин парвоз дар масири Фарғона-Сӯх-Фарғонаро 12 декабр анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Узбекистон, дар навбати аввал дар масири мазкур ҳафтае ду бор парвоз сурат мегирад.

Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои "Ан-2" анҷом меёбанд.

Вазорат афзуда, ки мусофирон метавонанд билетҳои парвоз дар масири Фарғона-Сӯх-Фарғонаро аз фурудгоҳҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангони Узбекистон дастрас кунанд.

Фурудгоҳи нави ноҳияи сӯхи Узбекистон, ки дар ҳудуди маҳаллаи "Навобод" ҷойгир аст, дар майдони 7 га сохта шудааст ва дарозии хатти фуруду парвози ҳавопаймоҳо 700 метрро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Сӯхи Узбекистон аз 350 километри мураббаъ иборат буда, комилан дар иҳотаи вилояти Бодканди Қирғизистон аст. Барои вуруд ба Сӯх бояд 20 км ҳудуди Қирғизистонро тай кард.

Роҳ ба сӯи Сӯх дар соли 2013, баъди низоъ дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон, баста шуда буд. Роҳ танҳо моҳи апрели соли ҷорӣ боз шуд. Бо ин вуҷуд, мошинҳои борбар то кунун иҷозаи убур аз онро надоранд.

XS
SM
MD
LG