Ссылки доступа

Се пулиси Қазоқистонро баъди марги ҷавоне барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд


Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон тафтишот се корманди ҳамакнун пешини пулисро, ки дар боздошти Нурболат Ҷумъабоеви 30-сола даст доштанд, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Ҷумъабоев ҳангоми бозпурсӣ дар идораи пулис фавтид.

Тафтишот қарори ҳабси се корманди пулисро рӯзи 12 декабр содир кард.

Талгат Есимов, вакили мудофеи хонаводаи Ҷумабоев гуфт, парванда нисбати кормандони пулис бо моддаи "Барқасдона расонидани зарар ба саломатии инсон" боз шудааст.

Ёралӣ Ҷумъахонбетов, як масъули пулиси Чимкент рӯзи 11 декабр истифодаи хушунатро нисбати боздоштшуда Ҷумабоев тасдиқ кард.

Нурболат Ҷумъабоев рӯзи 8 декабр бо гумони дуздии мошини гаронбаҳое ба идораи пулис барои бозпурсӣ бурда шуд. Вай ҳамон рӯз то расидани мошини ёрии таъҷилӣ фавтид.

Хешовандони Ҷумъабоев гуфтанд, ӯро кормандони пулис задаанд. Дар идораи пулис мегӯянд, "ҳангоми бозпурсӣ вазъи сиҳатии Ҷумъабоев бад шуд". Ҷумъабоевро рӯзи 11 декабр ба хок супориданд.

XS
SM
MD
LG