Ссылки доступа

Дар Узбекистон мехоҳанд, барои таъқиби занону духтарон ҷавобгарӣ таъйин кунанд


Вазорати адлияи Узбекистон пешниҳод дорад, ки муҳофизати занону духтарон аз таъқибу хушунат сахттар карда шавад.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, вазорат тасмим дорад, барои дастдарозӣ ва паҳни навору акси занону духтарон ҷавобгарӣ таъйин кунад.

Дар вазорати адлия гуфтанд, занон дар Узбекистон дар кӯчаву коргоҳ ё маҳалли дарс ба таъқибу дастдарозӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва дар хона ба хушунат.

"Бояд дар қонунгузорӣ мафҳуми "таъқиб" ҷорӣ ва низомӣ муҳофизат аз заноне, ки нисбаташон таъқиб сурат гирифтааст, роҳандозӣ карда шавад", - пешниҳод кардааст вазорати адлияи Узбекистон.

Ба иттилои расмӣ, дар Узбекистон наздики 36 ҳазор зан, ки то ин замон нисбаташон хушунат раво дида шудааст, таҳти муҳофизат қарор гирифтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар он кишвар ҳамагӣ 29 паноҳгоҳ барои занон мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG