Ссылки доступа

Мақомот: Корхонаи коркарди пахтаи Мастчоҳро қасдан оташ задаанд


Мақомоти интизомии ноҳияи Мастчоҳ гуфтанд, ки корхонаи азимтарини коркарди пахта дар ин ноҳия қасдан оташ зада шудааст.

Дар нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале ҳанӯз касе бо гумони оташ задани корхона боздошт нашудааст.

Ин корхонаи калонтарини пахтатозакунӣ дар шимоли Тоҷикистон, ки ба соҳибкор Салим Мирзоев тааллуқ дорад, субҳи 25-уми ноябр ба коми оташ рафт.

Бо гузашти тақрибан се ҳафта аз оташсӯзӣ, Идораи сӯхторхӯшкунӣ омилҳои сар задани онро маълум кардааст.

Неъмат Идизода, сардори ин ниҳод рӯзи 13-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “санҷишҳо маълум карданд, ки субҳи 25-уми ноябр корхонаи коркарди пахтаи “Музаффар компания”-ро қасдан оташ задаанд. Ҳоло аз рӯи моддаи 255-и Кодекси ҷиноятӣ Шӯъбаи корҳои дохилӣ тафтишотро шурӯъ карда, нафар ё нафарони гумонбарро ҷустуҷӯ дорад”.

Нафароне, ки тибқи ин банди модда гунаҳкор мешаванд, қонунгузории кишвар ба онҳо аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Як корхонаи коркарди пахта дар Мастчоҳ ба коми оташ рафт.
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:39 0:00

Ҳамчунин ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ки зиёни корхона ҳамагӣ 46 милион сомонӣ ҳисоб гардид, вале ба оташхомӯшкунон муяссар гардид, ки 1500 тойи пахтаро аз сӯхтан эмин доранд.”

Як той пахта то 200 кило вазн дорад. Масоҳати сӯхтор 450 метри мураббаъ буд.

Ин корхона ба соҳибкор Салим Мирзоев тааллуқ дорад ва дар он ҳосили яксолаи тақрибан 300 нафар деҳқонону заминдорон ҷамъоварӣ гардида буд. Ҳоло маълум нест, ки деҳқонон маблағҳои худро ба пуррагӣ гирифтаанд, ё не. Раҳбари корхона ва деҳқонон дар ин бора ҷузъиёт намедиҳанд.

Ба қавли шоҳидон, сӯхтор дар корхонаи "Музаффар-Ко" дар ноҳияи Мастчоҳ тақрибан соати 3-и шаби 25-уми ноябр сар зада, барои хомӯш кардани алангаи он соатҳо зарур шуд. Қаблан як масъули ҳукумати маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз 1000 тонна пахта сӯхтааст. Вале сардори идораи сӯхторхомушкунӣ мегӯяд, 700 тонна пахта нобуд шуд ва 400 тоннаи дигарро аз алангаи оташ берун кашидаанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон мавсими ҳосилғундории пахта тақрибан ба охир расидааст ва деҳқононе, ки дар инҷо заҳмати яксолаашонро ҷамъоварӣ карда буданд, қисмати асосии онро оташ нобуд кард.

XS
SM
MD
LG