Ссылки доступа

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қочоқи сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро рад кард


Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабари қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистонро рад кард.

Ба огаҳии хадамот, видеое, ки дар бораи қочоқи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон 14 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ҳақиқат надорад ва хабарҳо дар ин бора низ беасос ҳастанд.

Манбаъ афзудааст, мошинҳои ҳомили маводи сӯхт, ки дар навор омадаанд, ба ширкати "Қирғизнафтгаз" тааллуқ дошта, аз вилояти Бодканд ба Ҷалолобод ҳаракат мекарданд.

"Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз сокинони ин кишвар даъват кардааст, ки ба хабарҳои беасос бовар накунанд ва ҳама гуна хабарро тавассути ниҳодҳои дахлдор таҳқиқ намоянд", - афзудааст хадамот.

XS
SM
MD
LG