Ссылки доступа

Дар ҷануби Туркманистон харидорони гӯшти сагу хар пайдо шудааст


Гуруҳе аз одамон дар деҳаҳои вилояти Марии Туркманистон дар ба дари хона гашта, аз сокинон даъват мекунанд, ки ба онҳо гӯшти саг ва хари худро фурӯшанд.

Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, сокинони деҳаҳои "Мерв", "Парахат", "Эркана" ва "Туркманистон"-и ноҳияи Байрамалии Марӣ бо чунин муштариён рӯбарӯ шудаанд.

"Ду марди тахминан 30-40-сола ба ман пешниҳод карданд, ки хари худро кушта, гӯшташро ба онҳо фурӯшам. Гуфтанд, 1 килоашро 10-манатӣ мехарем", - изҳор дошт сокини яке аз ин деҳаҳо 13 декабр.

Муштариён дар посух ба суоли сокинон дар бораи он ки кӣ ҳастанд ва гӯшти харро чи кор мекунанд, гуфтаанд, ки "сагпарваранд".

Бархе аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, вақте аз фурӯши хари худ худдорӣ карданд, ба онҳо пешниҳод шудааст, ки гӯшти сагашонро фурӯшанд.

Фурӯши гӯшти саг ва хар дар бозорҳои Туркманистон манъ аст.

XS
SM
MD
LG