Ссылки доступа

Як рӯз пас аз ҳукми Давлатов. Мадина Мамадҷонова даргузашт


Мадина Мамадҷонова то кунун дар ҳолати кома қарор дошт.

Мадина Мамадҷонова, яке ҷавонзани тоҷик, ки пинҳонкории латукӯби бераҳмонааш сару садои зиёде дар ҷомеа бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт даргузаштааст.

Афроди огоҳ аз ҳоли ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Мадинаи 32-сола нисфирӯзии 15-уми декабр дар шифохона фавтидааст ва қарор аст, ӯро фардо дар шаҳри Душанбе дафн кунанд.

Асад Нуров, табиби беморхонаи "Қарияи боло", ки ба табобати Мадина машғул аст, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ хабари марги ӯро тасдиқ ё рад накарда, гуфт, "ман иттилоъ дода наметавонам, саломат бошед" ва гӯширо қатъ кард.

Амон Қаробоев падари Мадина Мамадҷонова, ки бо сахтӣ сӯҳбат мекарду гиря гулӯгираш карда буд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз шунидани хабари даргузашти духтараш бисёр андӯҳгин аст. Амон Қаробоев гуфт, барои рӯзи 16-уми декабр аз шаҳри Краснодари Русия билети парвоз гирифтааст.

Ӯ афзуд: "Танҳо нигарониам ин аст, ки то расидани ман ба Душанбе духтари азизамро ба хок насупоранд. Ҳавопаймо соатҳои 12 рӯз дар Душанбе фуруд меояд ва ман бисёр метарсам, ки рӯи духтарамро надида, ӯро ба хок месупоранд. Илтиҷо мекунам, ки то омадани ман интизор шаванд".

Қаробоев, ки аз модари Мадина чандин сол пеш ҷудо шуда, дар Русия бо ҳамсари дуюмаш зиндагӣ мекунад, бо ишора ба қатъи робитаҳо бо модари Мадина гуфт, эҳтимоли ин ки ҷаноза бе ҳузури ӯ баргузор шавад, вуҷуд дорад.

Рӯзе пештар аз ин Додгоҳи олии Тоҷикистон Парвиз Давлатов, шавҳари никоҳии Мадина Мамадҷоноваро ба 8 соли зиндон маҳкум кард, вале бар асоси Қонуни афв, ӯ 5 солу 2 моҳ бояд дар зиндон бимонад.

Мадина Муҳаммадҷоноваи 32-сола, ки моҳи августи имсол дар муноқишаи оилавӣ сахт латукуб шуд, то кунун дар ҳолати комаи сунъӣ дар бемористон буд. То ду моҳ касе барои осеб расондан ба ӯ ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Танҳо баъди муроҷиати фаъолони маданӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мақомот ба қазияи зоҳиран қасосгирии ҳамсар аз маъшуқаи шавҳар таваҷҷуҳ карданд.

Додситонӣ рӯзи 1-уми ноябр гуфт, ки ду гумонбар дар латукуб ҳамсарон Азизаву Парвиз Давлатовҳоро боздошт карданд. Айни замон муҳокимаи Азиза Давлатова идома дорад. Моҷаро сабаби аз мақом барканор кардани чанде аз кормандони Вазорати умури дохилӣ ва додситонӣ ҳам шуд.

XS
SM
MD
LG