Ссылки доступа

Сарвазири Қирғизистон гуфт, чарои имсол кони тилои Қумтор андози камтар пардохт


Оқилбек Ҷабборов, раиси девони Қирғизистон рӯзи 15 декабр масъалаи пардохти 3 млрд сом андози камтар аз сӯи кони тилои Қумторро шарҳ дод.

"Дар мавриди Қумтор ҳама чиз муътадил аст, кам шудани андоз дар ҳаҷмест, ки бояд бошад. Дар 12 моҳ онҳо ба умқи хуб расиданд. Пештар аз зер кардани об хабар медоданд, ҳоло об нест. Онҳо ба сатҳе расиданд, ки бештар аз 1,5 тона тилои бо сифат мавҷуд аст. Ман умедворам, дар поёни ҳисоби 12 моҳа нақшаҳо иҷро мешаванд", - гуфт Ҷабборов.

Вай илова кард, ки ширкати "Кумтор Голд Компани" ба пардохти 4% фоиз аз гардиши корҳои иктишофӣ шуруъ кардааст ва ин маблағ ба буҷа ворид мешавад.

"Шумо дар ёд доред, ки ширкати "Сентерра" 13 фоиз ба буҷа ва 1 фоиз ба бунёди рушди вилояти Иссиқлкӯл пардохт мекард. 4 фоизи дигар мебоист, аз ҳисоби корҳои иктишофӣ пардохт кунад. Аммо ширкат ин корро намекард. Ҳоло ин 4 фоиз ба буҷа ворид мешавад", - афзуд Ҷабборов.

Пештар аз ин вазорати молияи Қирғизистон хабар дод, ки "Кумтор Голд Компани" дар соли 2020 ба буҷаи кишвар 9 млрд 618 млн сом пардохта буд ва дар 11 моҳи соли ҷорӣ ин маблағ 6 млрд 998 млн сомро ташкил додааст.

Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона то 15-17 тона тило аз онҷо истихроҷ мешавад. То баҳори имсол кони мазкурро ширкати канадагии "Centerra Gold Inc." коркард мекард ва Қирғизистон 26% саҳм дошт. Мақомоти Қирғизистон охири баҳори имсол мудирияти конро ба ихтиёри худ гирифтанд. Баҳси Қирғизистон бо ширкати канадагӣ ба додгоҳи байналхалқӣ кашида шудааст.

XS
SM
MD
LG