Ссылки доступа

Тазоҳурот дар Рӯзи истиқлоли Қазоқистон


Ҳудуди сад нафар ба раҳбарии фаъоли маданӣ Ҷонболат Мамай баъди нисфирӯзии 15 декабр дар назди ёдгории қурбониёни ҳаводиси моҳи декабри соли 1986 дар шаҳри Алмато ҷамъ шуданд.

Онҳо дар ҳаққи қурбониёни хезиши 35 сол пеши ҷавонони қазоқ зидди тасмими Кремл ва ҳодисаҳои Жанаозен дар соли 2011 дуо карданд.

Сипас таҷаммуъгарон ба майдони Ҷумҳурии шаҳр рафта, гуфтанд, президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масъули қатли эътирозгарони осоишта дар эътирозҳои 10 сол пеши Жанаозен мебошад.

"Имрӯз Қазоқистон истиқлоли худро ҷашн мегирад. Вале низоми Назарбоев арзиши ин рӯзро ба ҳам зад. 10 сол пеш дар ин рӯз бародарони мо, ки даст ба тазоҳуроти осоишта зада буданд, ҳадафи тир қарор гирифтанд. Ин хеле ғамангез аст ва ҳаргиз он рӯз фаромуш нахоҳад шуд. Имрӯз на ҷашн, балки рӯзи ёдбуди қурбониён аст", - изҳор дошт яке аз фаъолони қазоқ Ирисбек Токтасин.

Нафткашҳои Жанаозени Қазоқистон моҳи декабри соли 2011 бо талаби беҳсозии шароити корӣ корпартоӣ карданд ва кормандони пулис ҳангоми пароканда кардани тазоҳурот аз силоҳ истифода карданд. Ба иттилои расмӣ, он рӯз дар натиҷаи парокандасозии тазоҳурот 17 кас ҷон бохтааст, вале сокинони маҳаллӣ иддао доранд, ки шумори воқеии ҳалокшудаҳо бештар аз арқоми расмӣ мебошад.​

XS
SM
MD
LG