Ссылки доступа

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон


Рӯзи 16 декабр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон тирпарронӣ рух додааст. Дар ин бора Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳодисаи мазкур дар минтақаи Кочо-Бойи ноҳияи Бодканд рух додааст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки шаҳрвадони он кишвар бо корҳои сохтмонӣ машғул буданд ва марзбонони Тоҷикистон талаби қатъи сохтмонро кардаанд. Миёни марзбонони Тоҷикистон бо шаҳрвандони Қирғизистон баҳси лафзӣ бархоста ва дар ниҳоят яке аз марзбонони Тоҷикистон аз таппончаи Макаров ба ҳаво тир кушодааст.

"Намояндаи марзбонии Тоҷикистон гуфт, нисбати мазбони тиркушода чораҷӯӣ мешавад", - хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ надоданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки ҳамагӣ 519 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Ба далели мушаххас набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни сокинони наздимарзии ду кишвар, бо баҳонаҳои гуногун, низоъ сар мезанад. Дар охирин низоъ, ки рӯзҳои 28 апрел то 1 майи соли ҷорӣ рух дод, 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаву аз ду ҷониб бештар аз 200 кас маҷруҳ гардид. Ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор донистанд.

XS
SM
MD
LG