Ссылки доступа

Маросими қадрдонӣ аз варзишгарони эронӣ дар мусобиқаи Тошканд ҷанҷолбарангез шуд (видео)


Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ дар шаҳри Тошканд ҳангоми қадрдонӣ аз варзишгарони эронӣ суруди миллии давраи шоҳи сарнагуншудаи Муҳаммадризо Паҳлавӣ садо додаааст.

Дар видеои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ду варзишгари эронӣ фарёд зада, даъват мекунанд, ки суруди миллии мазкур қатъ карда шавад.

Радиои Фардо (Бахши эронии Радиои Озодӣ) иттилоъ додааст, ки телевизиони давлатии Эрон бо садо додани суруди миллии давраи шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ пахши мустақими чорабиниро қатъ мекунад.

Садо додани суруди миллии давраи шоҳ Паҳлавӣ миёни корбарони эронӣ низ баҳсҳои тундеро ба вуҷуд овардааст

Дар рӯзи ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ, 7 декабр варзишгари эронӣ Массул Мутамаддӣ дар вазни 102 кило миёни мардон медали тилоро ба гардан овехт. Варзишгари дигари ин кишвар Амир Ҳавугӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд.

XS
SM
MD
LG