Ссылки доступа

Се корманди гази Узбекистон барои таркиши "Инденим" ҳабс шуданд


Раҳбари корхонаи гази шаҳри Деҳнави Узбекистон ва ду корманди ширкати "Ҳудудгаз", ки дар таркиши фурӯшгоҳи "Инденим" айбдор мешаванд, ба ҳабс гирифта шуданд.

Ба огаҳии Додситонии кулли Узбекистон, зидди гумонбарон бо банди хунукназарӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Субҳи 7 декабр дар маркази тиҷории "Инденим" дар шаҳри Деҳнави вилояти Сурхандарёи Узбекистон таркиш рух дод.

Таркиш соати 3:57 дақиқаи субҳ дар бинои дуошёнаи "Инденим" сар зада, боиси оташсӯзӣ шуд ва яке аз деворҳои бино фурӯ рехт.

"Дар натиҷаи фурӯрехтани девор 1 кас кушта, 9 тани дигар дар бемористон бистарӣ шуданд", - хабар дод вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон.

XS
SM
MD
LG