Ссылки доступа

Қочоқбарони шохи сайга ба Қазоқистон $11 млн зарар расондаанд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон хабар додааст, ки аз гумонбарони парвандаи шикори ғайриқонунии сайга дар вилояти Қизилорда 5 млрд танга (беш аз $11 млн) ба нафъи давлат ситонида хоҳад шуд.

"Кормандони Раёсати амнияти миллии Қизилорда дар ҳамдастӣ бо намояндагони Додситонии вилоят 8 декабр гуруҳи ҷиноиеро боздошт карданд, ки бо шикори ғайриқонунӣ ва фурӯши шохи сайгаҳо машғул буданд", - хабар додааст кумита.

Аз гуруҳ 2347 шохи сайга мусодира шудааст. Қочоқбарон барои ҷамъоварии ин қадар шох 1174 сайгаро ғайриқонунӣ шикор карда, дар натиҷа ба буҷаи давлат 5 млрд танга зарар расондаанд.

Манбаъ афзудааст, ки ҳамаи гумонбарон ба ҳабс гирифта шудаанд ва зиддашон бо банди "Муносибати ғайриқонунӣ бо ҳайвонҳои нодир" парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст.

XS
SM
MD
LG