Ссылки доступа

Узбекистон пулҳои навро ба муомилот мебарорад


Бонки миллии Узбекистон хабар дод, ки аз 22 декабри соли равон дар он кишвар пулҳои нав ба муомилот бароварда мешавад.

Ба иттилои бонк, дар пулҳои нав - 50 000-сӯмӣ ва 100 000-сӯмӣ "Роҳи бузурги абрешим", таърихи куҳани вилоятҳои Хоразму Сурхандарёи Узбекистон дарҷ гаштааст.

Маълумоти муфассал дар бораи пулҳои нав дар сомонаи Бонки миллии Узбекистон оварда шудааст.

Дар бонк ба расонаҳо гуфтанд, ки пулҳои нави 50 000-сӯмӣ ва 100 000-сӯмӣ ба ҷои пулҳои 50 000-сӯмӣ аз соли 2017 ва 100 000-сӯмӣ аз соли 2019 мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG