Ссылки доступа

Сардори як боздоштгоҳро дар Узбекистон барои дастдарозӣ нисбати боздоштшудае 5 сол зиндонӣ карданд


Дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон сардори боздоштгоҳи муваққатиро, ки ба маҷбур кардани зани боздоштшудае ба алоқаи ҷинсӣ айбдор мешуд, 5 сол зиндонӣ карданд.

Ҷурабек Шодиев, сардори боздоштгоҳи муваққат дар "Маҷбур кардани зан ба алоқаи ҷинсӣ" ва "Берун рафтан аз салоҳиятҳои хизматӣ" айбдор шуд.

Зане, ки аз болои сардори боздоштгоҳ шикоят кард, моҳи июни соли ҷорӣ бо гумони "қаллобӣ" боздошт шуда буд.

Вай 21 июн ба додситонӣ аз "таҷовуз шудан аз сӯи сардори боздоштгоҳ" шикоят кард. Рӯзи 31 август сардори боздоштгоҳ боздошт шуд.

Зане, ки дар "қаллобӣ" гумонбар мешуд, дертар аз боздоштгоҳ озод шуд. Ин зан аз ҳукми додгоҳ нисбати сардори боздоштгоҳ розӣ нест. Вай мегӯяд, додситонӣ нисбати сардори боздоштгоҳ дар ибтидо 10 соли зиндон талаб карда буд. Аммо дар ниҳоят додгоҳ мардро 5 сол зиндонӣ кард.

Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, дар Узбекистон шиканҷаву муносибати бераҳмона нисбати боздоштшудаҳо ба таври густарда истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG