Ссылки доступа

Қаракӯли Қирғизистон пойтахти фарҳангии ИДМ интихоб шуд


Шаҳри Қаракӯли вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар соли 2022 интихоб шуд.

Аз вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар доданд, ки парчами пойтахти фарҳангиро Қаракӯл аз шаҳри Душанбеи Тоҷикистон гирифтааст. Маросими эъломи пойтахти фарҳангӣ рӯзи 18 декабр дар Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, ҳадафи эъломи пойтахти фарҳангии ИДМ рушди гуфтугӯ ва муттаҳидии зарфияти фарҳангии кишварҳои ИДМ аст.

Қаракӯл - маркази маъмурии вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон ва чаҳорумин шаҳри бузурги ин кишвар аст. Соли 2019 ин шаҳр 150-солагии таъсисашро таҷлил кард.

XS
SM
MD
LG