Ссылки доступа

Бозорҳои Ишқобод баъди 4 моҳ дубора дарҳои худро боз карданд


Бозорҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон баъди чаҳор моҳи танаффус 18 декабр фаъолияти худро дубора аз сар гирифтанд.

"Мардум меоянд ва аз дидани нархи гарони маҳсулот дар ҳайрат меафтанд. Ба фурӯшгоҳҳо даромада, аксаран бидуни харидани маҳсулоте берун мешаванд", - иттилоъ дод яке аз хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод 20 декабр.

Даҳҳо зан дар назди дарвозаи бозори "Олтин асир"-и Ишқобод ва дар дохили он истода, тило, нуқра ва доллари амрикоиро бо нархи "бозори сиёҳ" пешниҳод мекунанд.

Ба гуфтаи хабарнигор, дар миёни ин тоҷирон онҳое низ ҳастанд, ки ҷавоҳироти худро ба далели мушкили сахти иқтисодӣ бо нархи хеле арзон ба фурӯш гузоштаанд.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ афзуда, ки бо боз шудани бозорҳо навбатпоиҳо дар назди бонкҳо ва фурӯшгоҳҳои давлатӣ, ки асосан маҳсулотро бо нархи дастрастар мефурӯшанд, оғоз шудааст.

Фурӯшандаҳои бозорҳои Ишқобод бо шарти пешниҳоди маълумотнома дар бораи гирифтор набудан ба коронавирус иҷозати фаъолиятро дарёфт кардаанд.

XS
SM
MD
LG