Ссылки доступа

Додгоҳ фаъоли қазоқ Билашро таҳти пайгард қарор надод


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон дархости хадамоти иҷрои ҷазои ин кишвар дар бораи таҳти пайгарди қонунӣ қарор додани фаъоли маданӣ Серикҷон Билашро, ки аз ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ дар Чин ҳимоят мекард, рад кард.

Намояндагони хадамоти иҷрои ҷазои Қазоқистон дар ҷаласаи онлайнии додгоҳ гуфтанд, "Билаш талаботи иловагиеро, ки дар доираи парвандаи "барангехтани адоват" эълом шуда буд, иҷро накардааст. Ӯ бидуни иҷозат маҳалли зисти худро тағйир дода, ба Амрико кӯч бастааст.

Худи Билаш, ки аз Амрико дар мурофиа онлайнӣ иштирок мекард, иддаои намояндагони хадамоти иҷрои ҷазоро рад кард. Ба гуфтаи вакили дифои ӯ Шинкуат Байжанов, додгоҳ моҳи августи соли 2019 озодии Билашро 6 моҳ маҳдуд карда буд, вале бо назардошти ҳабси хонагии вай ин муҳлат то ба 3 моҳу 12 рӯз кам карда шуд.

Серикҷон Билаш - қазоқтабори Шинҷон аст, ки ба Қазоқистон омада, шаҳрвандии ин кишварро дарёфт карда буд. Соли 2017 вай мушкили мардуми туркзабони Шинҷонро ба баррасӣ гирифт. Билаш гуфт, ақалиятҳои қавмиро дар Шинҷони Чин, ки пайрави дини ислом ҳастанд, дар лагерҳои бозтарбия дар шароити бад нигаҳдорӣ мекунанд.

СММ дар соли 2018 гуфт, дар Шинҷон на камтар аз 1 миллион мусалмон дар лагерҳои бозтарбия фаро гирифта шудаанд. Пекин мавҷудияти лагерҳоро эътироф, аммо онҳоро "марказҳои омӯзиши касбӣ" унвон кард. Чин гуфт, ин марказҳо барои пешгирӣ аз "терроризм"-у "экстремизм" зарур ҳастанд.

XS
SM
MD
LG