Ссылки доступа

Дар Бухоро мадрасаи таҳти ҳимояти ЮНЕСКО-ро ба ширкати хусусӣ ба иҷора додаанд


Фаъолони шаҳри Бухорои Узбекистон изҳори нигаронӣ доранд, ки мадрасаи таҳти ҳимояти ЮНЕСКО - "Говкушон" ба як ширкати хусусӣ барои ташкили меҳмонхона ба иҷора дода шудааст ва эҳтимол аст, ба ин иншооти таърихӣ осеб расонида шавад.

Дар Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Узбекистон тасдиқ карданд, ки мадрасаи "Говкушон" ба ширкати "Асилбек нурӣ" ба иҷора дода шудааст.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, чанде пеш мадрасаи мазкур пурра таъмир шуда, нигарониҳо дар бораи тақдири он беасосанд.

Мисгари 65-сола аз Бухоро Раҳматулло Клиев мегӯяд, шаҳрдории Бухоро мадрасаи "Говкушон"-ро, ки давоми 50 соли ахир маркази косибии онҳо дар он ҷойгир буд, ғайриқонунӣ ба ширкате ба иҷора додааст. "Ҳоло беш аз 20 усто бекор мондаанд", - гуфт ӯ.

Мадрасаи "Говкушон" ёдгории меъмории асри XVI дар Бухоро аст, ки солҳои 1570—1571 дар маркази шаҳр бино шудааст.

XS
SM
MD
LG