Ссылки доступа

Дар натиҷаи таркиши балони газ дар Узбекистон 10 кас осеб дидааст


Дар натиҷаи таркиши газ дар ошхонаи "Лаззат" дар ноҳияи Оқдарёи вилояти Самарқанди Узбекистон 19 декабр 10 кас осеб дидааст.

Ба огаҳии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, дар ошхонаи "Лаззат" ду балони газ вуҷуд дошта, якеаш таркидааст. Ҳангоми таркиш дар дохили ошхона муштариён қарор доштаанд.

Дар натиҷаи таркиш сақф ва мебели ошпазхона, ки ҳудуди 40 метри мураббаъ масоҳат дорад, оташ гирифтааст.

Дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG