Ссылки доступа

Аскар Оқоев: Ҳар гоҳ, ки хоҳам, ба Қирғизистон меоям


Аскар Оқоев, нахустин президенти Қирғизистон баъди баргашт ба Москва бо нашрияи "Московский Комсомолец" суҳбат кард.

Вай дар ин суҳбат гуфт, "дар кишвараш нисбати вай даъвое боқӣ намондааст ва ҳамаи парвандаҳо пӯшида шудаанд".

"Акнун, мисли ҳар шаҳрванди дигари Қирғизистон ман метавонам, ҳар гоҳ, ки хоҳам ба он ҷо равам. Албатта, дар ин кор президенти кунунии Қирғизистон Содир Ҷабборов нақши калидӣ дошт. Вай шахсан тамос гирифт ва гуфт, ки дар 16 сол нисбати ман парвандаҳои зиёде ҷамъ шудааст, ки бисёре аз онҳо бофтаву сохта ҳастанд ва барои бастани онҳо, посухҳои ман лозим ҳастанд", - гуфт Оқоев.

Вай ҳамчунин афзуд, масъалаи сафари ӯро Содир Ҷабборов бо президенти Русия Владимир Путин ҳамоҳанг карда буд.

Оқоев гуфт, "дар соли 2005 дар Қирғизистон табаддулоти давлатӣ сурат гирифт, ки дар садри он Қумонбек Боқиев, Алмосбек Отамбоев ва Роза Отунбоева меистоданд ва яке паси дигар президент шуданд. Талош карданд, ки нисбати Оқоев парванда боз кунанд, ҳарчанд Додситонии кул эътироф кард, бисёре аз парвандаҳо сохтакорӣ шудаанд". Оқоев илова кард, ки "танҳо Содир Ҷабборов нисбати вай муносибати боадолатона дорад".

Президенти нахустини Қирғизистон ҳамзамон хабар дод, ки ҳоло тасмими ба кишвараш баргаштанро надорад ва фаъолияташро дар Донишгоҳи давлатии Москва ё МГУ идома медиҳад.

Президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев баъди бозпурсӣ дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" дубора ба шаҳри Москва баргашт. Ба гуфтаи ҷонибдори Оқоев - Бекболот Талгарбеков, тафтишот зидди президенти пешини Қирғизистон қатъ гаштааст.

"Зидди Оқоев парванда боз нашуда буд. Танҳо тафтишот идома дошт. Дар рафти он маълум шуд, ки ӯ аз кони "Қумтор" як тийин нагирифтааст ва бо ширкати "Сентерра" ҳеч иртиботе ҳам надорад. Бозпурсӣ асосан роҷеъ ба созишномаи соли 2003 буд. Оқоев аз мардум узр пурсид, ки он замон созишномаро наомӯхт", - афзуд Талгарбеков.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон то ҳол натиҷаҳои бозпурсии Оқоевро эълом накардааст.

Президенти пешини Қирғизистон барои "посух гуфтан" ба суоли муфаттишон дар доираи парвандаи "Қумтор" субҳи 14 декабр вориди шаҳри Бишкек шуд. Ӯ бори нахуст 2 августи соли равон ғайриинтизор аз Москва ба Бишкек парвоз кард ва худи ҳамон рӯз аз рӯи парвандаи кони Қумтор ба саволҳои журналистон посух дод.

Оқоеви 76-сола, ки 16 соли охир, баъди тарки мақоми президентӣ ва фирор аз инқилоби лолаии Қирғизистон дар Русия зиндагӣ мекард, бо вуҷуди ҷустуҷӯву талаби мақомот ба истирдодаш, ҳеҷ гоҳ ба ватан барнагашта буд.

"Қумтор" калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. То чанде пеш ин конро ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекард. Ҳамагӣ 26 дарсади саҳмияҳо кон ба Қирғизистон рабт дошт. "Қумтор" 10 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қирғизистон ва 20 дарсади саноати он кишварро таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG