Ссылки доступа

Соҳибкорон дар Бишкек эътироз доранд: дастгоҳҳои хазинавиро намехоҳанд


Тоҷирони маркази тиҷоратии "Таатан" дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зидди Кодекси нави андоз эътироз доранд. Онҳо пушти дари порлумони Қирғизистон ҷамъ шудаанд.

Тоҷирон аз насби дастгоҳҳои хазинавӣ норизо ҳастанд. Онҳо мегӯянд, нозири андоз барои истифода накардани дастгоҳи мазкур ҷарима мебандад. Тоҷирон талаб доранд, ки мисли пешин дар асоси шаҳодатномаи соҳибкорӣ иҷозаи кор дошта бошанд.

Кодекси нави андоз дар Қирғизистон аз соли 2022 ба иҷро медарояд. Девони вазирони Қирғизистон талош дорад, ки иқтисоди соягиро барҳам диҳад ва ҷамъоварии андозу пардохтҳои гумрукиро бештар кунад.

Бино ба муқаррароти қонунҳои Қирғизистон, соҳибкороне, ки гардиши солонаи молашон аз 8 млн сом камтар аст, бояд аз пардохти андоз озод шаванд. Аммо вазифадор ҳастанд, ки дастгоҳи хазинавӣ насб кунанд.

Гуфта мешавад, саҳми иқтисоди соягӣ дар Қирғизистон 30-40 фоизро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG