Ссылки доступа

Қирғизистон гуфт, дар марз бо Тоҷикистон тирпаронӣ шудааст


Дар вилояти Бодканди Қирғизистон, дар наздикии марз бо Тоҷикистон садои тирпаронӣ шунида шудааст.

Муаллифи наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, мегӯяд, оташкушоӣ ба самти ронандаи мошини боркаш шаҳрванди Қирғизистон сурат гирифтааст.

Ба иддаои муаллифи навор, ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Бодканд, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст ва ронанда ҳангоми оташкушоӣ дар роҳи Арка-Мақсад ҳаракат мекард.

Бино ба маълумоти пешакии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ронандаи мошини боркаши "КамАЗ", ки дар роҳи Мақсад-Жаштик ҳаракат мекард, дар нима роҳ боз истода, хостааст, аз ҷуйбор об гирад. Дар ҳамин ҳол се марзбони тоҷик гӯиё ба назди ӯ омада, талаб кардаанд, ки мошинро ба ҷониби Тоҷикистон биронад. Вале ронанда барои ҷалби таваҷҷуҳ пеши роҳи мошини самти муқобилро гирифта, фарёд задааст, ки ӯро марзбонони тоҷик дастгир кардаанд. Дар натиҷа гӯиё марзбонони тоҷик аз мошин берун шудаанд.

"Марзбонони тоҷик ба самти мошини боркаш 3 бор оташ кушода, шишаи тарафи чап ва чархи онро ҳадаф қарор додаанд. Дар ҳоли ҳозир мулоқоти намояндагони марзбонии ду кишвар ҷараён дорад", - афзудааст Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст ва маълум нест, ки иддаои ҷониби Қирғизистон то куҷо ҳақиқат дорад. ​

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки ҳамагӣ 519 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Ба далели мушаххас набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни сокинони наздимарзии ду кишвар, бо баҳонаҳои гуногун, низоъ сар мезанад. Дар охирин низоъ, ки рӯзҳои 28 апрел то 1 майи соли ҷорӣ рух дод, 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаву аз ду ҷониб бештар аз 200 кас маҷруҳ гардид. Ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор донистанд.

XS
SM
MD
LG