Ссылки доступа

Кумитаи амнияти Қирғизистон боздошти Бахтибек Калмаматовро шарҳ дод


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошти вакили пешини порлумони ин кишвар Бахтибек Калмаматовро бо гумони барангехтани бадбинӣ шарҳ додааст.

Дар изҳороти кумита омадааст, ки Калмаматов ба ангехтани адовати байниминтақавӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ айбдор мешавад.

Ба огаҳии кумита, гӯиё дар рафти тафтишот айбдории Калмаматов дар ангехтани бадбинии байниминтақавӣ исбот шудааст.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон афзудааст, ки вакили пешини порлумон бар асоси далелҳои ҷамъоваришуда ва натиҷаи ташхиси дахлдор дастгир гашта, феълан дар боздоштгоҳи кумита қарор дорад.

Бахтибек Калмаматов пештар хабар дод, ки ӯро шаби 22 декабр дар фурудгоҳ ҳангоми парвоз ба Арабистони Саудӣ дастгир карданд. Вай бо нашри наворе дар Интернет гуфт, муфаттишон дар фурудгоҳ аз ӯ хостаанд, ки бояд ҳамроҳашон равад ва ҳамчун шоҳид бозпурсӣ шавад.

Калмаматов бо интиқодҳои худ аз сиёсатҳои ҳукумати Қирғизистон машҳур буда, дар интихоботи порлумонии 28 ноябри соли равон дар ҳайати номзадҳои Ҳизби "Озодӣ"-и ин кишвар иштирок кард. Вале ин ҳизб натавонист ҳатто меъёри овозҳои лозимӣ барои ворид шудан ба порлумонро ба даст орад.

XS
SM
MD
LG