Ссылки доступа

Бакитгул Хаменова - мансабдори қазоқистонии гумонбар дар фасодкоӣ ба ҳабс гирифта шуд


Бакитгул Хаменова, муовини ҳокими вилояти Атирауи Қазоқистон, ки дар порагирӣ гумонбар мешавад, аз ҳабси хонагӣ ба маҳбас бурда шуд.

Рӯзи 22 декабр додгоҳи вилоятии Атирау Хаменома барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Шуруъ аз рӯзи 12 декабр вай дар ҳабси хонагӣ буд.

Расонаҳо аз боздошти Хаменова рӯзи 10 декабр хабар дода буданд. Вай ва роҳбари бахши фарҳанги вилояти Атирау Оқилбек Рискалиев дар гирифтани 4,5 миллион танга пора гумонбар мешаванд. Мақомот мегӯянд, ин ду мансабдор барои насби тандиси шоир Абай Кунанбоев дар шаҳри Атирау аз маблағҳои давлатӣ "ҳақ" талаб кардаанд.

Нисбати онҳо бо моддаи "Порагирӣ дар ҳаҷми калон" парванда боз шудааст.

Бакитгул Хаменова моҳи марти соли гузашта муовини раиси вилояти Атирау таъйин шуда буд. То он замон вай вакили порлумон буд. Бакитгул Хаменова баъди он соҳиби курсии порлумонӣ шуд, ки дар соли 2016 дар як ҷаласаи ҳизби ҳокими "Нур Отан" аз президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тавсиф кард.

XS
SM
MD
LG