Ссылки доступа

Путин Қазоқистонро "кишвари русзабон" номид


Президенти Русия Владимир Путин 23 декабр дар нишасти хабарии худ Қазоқистонро "кишвари русзабон" номид.

Ӯ Нурсултонро яке аз "ҳампаймонони наздиктарин"-и Москва хонда, ба мақомоти қазоқ барои дасгирии забони русӣ миннатдорӣ баён кард.

"Мо робитаҳои амиқи башардӯстона дорем. Ман ба раҳбарияти Қазоқистон барои дастгирии рушди забони русӣ миннатдорӣ баён мекунам. Шумо худ медонед, ки дар Қазоқистон чи қадар одам забони русиро меомӯзанд. Он кишвари русзабон ба тамоми маънояш аст. Дар ин кишвар теъдоди мактабҳое низ, ки дар онҳо забони русӣ омӯхта мешавад, меафзояд", - посух дод Путин ба суоли рӯзноманигорон.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев моҳи сентябри соли равон дар паёмаш ба порлумон гуфта буд, ки тибқи Конститутсия, дар кишвараш ягона забони давлатӣ забони қазоқӣ буда, забони русӣ мақоми расмӣ дорад ва набояд монеи истифодаи он шуд.

XS
SM
MD
LG