Ссылки доступа

Дар Куриёи Ҷанубӣ президенти пешинро афв мекунанд


Мақомоти Куриёи Ҷанубӣ тасмим гирифтанд, ки бахшида ба Соли нав президенти пешини ин кишвар Пак Кин Херо афв кунанд. Пак Кин Хе бо айби фасодкорӣ 20 сол зиндонӣ шудааст.

Дар ин бора сомонаи Yonhap бо такя ба изҳороти ҳукумати он кишвар иттилоъ додааст.

Мақомоти он кишвар гуфтанд, дар пайи бад шудани вазъи сиҳатии Пак Кин Хеи 69-сола гирифта шудааст. Соли ҷорӣ ӯро се маротиба ба далели дарди мудовими сутунмуҳрааш бистарӣ шуд.

Афви Пак Кин Хе метавонад, ба ҷараёни интихоботи президентии моҳи марти соли 2022 таъсир расонад. Президенти пешинро дар шаҳр ва вилояти Тэгу ва вилояти Кенсани Шимолӣ ҷонибдорӣ мекунанд, ки минтақаҳои ҷонибдор аз ҳизби халқии мухолиф ба ҳисоб мераванд.

Пак Кин Хе соли 2012 нахустин президенти зан дар таърихи Куриёи Ҷанубӣ интихоб шуд.

Соли 2016 ӯро дар ошкор кардани сирри давлатӣ ва фасодкорӣ айбдор карданд. Баъди эътирозҳои мардумӣ ӯро дар соли 2017 боздошт карданд.

Соли 2018 додгоҳ Пак Кин Херо ба 24 соли зиндон маҳкум, аммо дар моҳи январи соли ҷорӣ додгоҳ муҳлати ҳабси ӯро 4 сол кам ва ба 20 сол расонд.

XS
SM
MD
LG