Ссылки доступа

Тоҷирони бозори "Дордой" дар Қирғизистон зидди дастгоҳҳои хазинавӣ эътироз доранд


Тоҷирони бозори "Дордой" дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 24 декабр дар ҳудуди бозор зидди истифодаи дастгоҳҳои хазинавӣ ё ҳисоббарор эътироз карданд.

Тоҷирони бозор гуфтанд, ки омода нестанд, меъёрҳои Кодекси нави надозро риоя кунанд. "Ба далели вабои коронавирус мо зиёни калон дидем, тиҷорат коҳиш ёфт ва болои ин моро ба истифодаи дастгоҳҳои ҳисоббарор маҷбур доранд. Истифодаи дастгоҳҳоро ба таъхир бояд гузошт", - гуфтанд эътирозгарон.

Пештар аз ин, рӯзи 22 декабр, тоҷирони маркази тиҷоратии "Таатан" дар назди бинои порлумони он кишвар бо айни ин норизоӣ эътироз карданд. Он тоҷирон талаб карданд, ки мисли пешин ба онҳо иҷозаи фаъолият бо иҷозатномаи соҳибкории инфиродиро диҳанд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 22 декабр Кодекси нави андозро қабул кард. Девони вазирони Қирғизистон гуфт, ин кодекс барои кам кардани иқтисоди соягӣ мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG