Ссылки доступа

UzAuto қабули фармоиш барои мошинҳои навро қатъ кард


Ширкати UzAuto Motors, ширкати инҳисорталаб дар бозори мошинсозии Узбекистон расман эълом кард, ки то моҳи феврали соли 2022 қабули фармоишҳоро барои мошинҳои нав қатъ мекунад.

Ширкат рӯзи 20 декабр хабар дод, ки ин тасмимро дар пайи мушкили ҳамлу нақл дар роҳҳои оҳин ва бандарҳо, инчунин дастрас кардани қисмҳои эҳтиётӣ гирифтааст.

Вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон Сардор Умрзақов гуфт, ҳукумати кишвараш тасмим хоҳад гирифт, ки инҳисор дар бозори мошинсозиро барҳам занад.

XS
SM
MD
LG