Ссылки доступа

Тошанд умедвори гуфтугӯҳои нав барои баргардонии дороиҳои Гулнора Каримова аст


Додгоҳе дар Швейтсария барои мусодираи 293 млн доллари ширкати Takilant Ltd. қарор қабул кард, ки саҳмияҳои бештари ин ширкат аз Гулнора Каримова, духтари раисҷумҳури пешини Узбекистон Ислом Каримов ҳастанд.

Баъди ин қарори додгоҳ, вазорати адлияи Узбекистон бо нашри изҳороте гуфт, қарори мазкур "барои гуфтугӯҳои оянда оид ба баргардонии маблағҳо ба Узбекистон роҳ мекушояд".

Ширкати Takilant Ltd., ки дар Гибралтар сабти ном шудааст, дар бонкҳои Швейтсария суратҳисоб дошт ва нисбати ин ширкат айни замон таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ идома дорад. Маблағи умумие, ки аз ширкат мусодира шудааст, бештар аз 350 млн долларро ташкил медиҳад.

Гулнора Каримова ва ёрдамчиаш, дар доираи парвандаи мазкур, дар пулшӯӣ айбдор шудаанд.

Сарфи назар аз қарори додгоҳ дар мавриди мусодираи дороиҳои ширкати Takilant Ltd., вакили мудофеи Гулнора Каримова - Грегуар Манжа мегӯяд, қарори мазкур ба нафъи Каримова аст. Зеро, ба гуфтаи вай, додгоҳ ҳукм кардааст, ки қисме аз маблағҳои мусодирашуда ба Каримова баргардонида шавад.

Рӯзи 18 марти соли 2020 додгоҳи Тошканд Гулнора Каримоваро ба 13 солу 4 моҳи зиндон ҳукм кард.

Каримова дар Узбекистон ба ташкили ҷамъияти ҷиноӣ, тамаъҷӯӣ, ғорат, инчунин қонунигардонии даромадҳои аз роҳи ҷиноӣ бадастомада айбдор шудааст.

XS
SM
MD
LG