Ссылки доступа

Узбекистон имсол аз фурӯши мис $2,5 млрд даромад кардааст


Узбекистон соли равон 148,5 ҳазор тонна мис истихроҷ карда, аз фурӯши он 2,5 миллиард доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст.

Раҳбарияти Корхонаи куҳӣ-металлургии Олмалики Узбекистон хабар додаанд, ки тасмим доранд то соли 2029 истеҳсоли мисро аз ҳисоби кони "Ёшлик-1" то ба 400 ҳазор тонна афзоиш диҳанд.

Ба иттилои корхона, дар он сурат даромади солонаи давлати Узбекистон аз фурӯши мис 7-8 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда, ки то соли 2030 талаботи ҷаҳонӣ ба мис то 40 дарсад афзоиш ёфта, коркарди кони "Ёшлик-1" имкон медиҳад, ки дар баробари мис 50 тонна тило ва 270 тонна нуқра низ истихроҷ карда шавад.

XS
SM
MD
LG