Ссылки доступа

Мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони ИДМ дар Санкт-Петербург


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 28 декабр барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафт

Ҳафтаи гузашта Кремл хабар дод, ки ин ҷаласа бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад ва президентҳои Озарбойҷон Илҳом Алиев, Беларус – Александр Лукашенко, Қазоқистон – Қосимҷомарт Тоқаев, инчунин президенти аввалини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян, раисони ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон – Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Узбекистон - Шавкат Мирзиёев ҳам иштирок хоҳанд кард.

Даъвати раҳбарони кишварҳои узви ИДМ пеш аз соли нав ба Маскав як одати деринаи президенти Русия Владимир Путин аст, ки дар ин созмони сиёсӣ нақши аввал мебозад. ИДМ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуда, ба қавли таҳлилгарон, ба узвияташ он ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дохил мешаванд, ки бо Маскав ва Кремлин ҳамкориву шарикии стратегӣ доранд.

XS
SM
MD
LG