Ссылки доступа

Пулиси Алмато латтукӯби кудакон дар боғчаро таҳқиқ кард


Департаменти пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон иттилоъ дод, ки таҳқиқи латтукӯби кудакон аз сӯи мураббиро дар яке аз боғчаҳои шаҳр оғоз кардааст

"Роҷеъ ба латтукӯби кудакон дар боғча парвандаи ҷиноӣ боз ва дар доираи тафтишот ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба тафтиш шуда, ба амали мураббӣ баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад", - омадааст дар иттилоияи пулис.

Аммо манбаъ нагуфтааст, ки ин ҳодиса дар кадом боғчаи Алмато рух додааст.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, дар яке аз боғчаҳои Алмато муррабӣ кудаконро латтукӯб мекунад. Ӯ аз мӯй ва гӯши кудакон кашида, онҳоро озору азият медиҳад.

XS
SM
MD
LG